ГЕРКОЛУБУС Ё САЁРАИ СУРХ
Китоб барои башарият

Он чизе ки дар ин китоб тасдиқ мекунам, пешгӯӣ аст, ки ба зудӣ рӯх хоҳад дод, зеро дар бораи анҷоми саёра мутмаинам; ман инро медонам. Наметарсонам, балки ҳушдор медиҳам, зеро аз ин инсонияти бечора хавотирам. Ин воқеаҳо он қадар дур нестанд ва вақте ҳам барои дар чизҳои хаёлӣ сарф кардан нест. - В.М. Раболу

Дар тамоми гӯшаву канори дунё метавонем анъанаҳо ва ривоятҳоеро дар бораи охирузамон пайдо кунем, ки ҳамаашон ба ҳамдигар шабоҳат доранд.

Аксарияти ин пешгӯиҳо моро аз фалокатҳои бузург дар рӯи Замин, монанди тағирёбии дарпешистодаи қутбҳо ки боиси обшавии пиряхҳо мегардад ва аз байн рафтани манотиқи бузурги Замин бар асари заминларзаҳои шадид ва сунамӣ, ҳушдор медиҳанд.

Пешгӯиҳои бешуморе мавҷуданд, ки як чизи умумӣ доранд: онҳо махсусан дар бораи наздик шудани саёраи азиме, ки давра ба давра ба мо наздик мешаванд, сӯҳбат мекунанд. Он саёра дар ҳолатҳои қаблӣ ба системаи офтобии мо меомад, то катаклизмҳоро ба вуҷуд орад, ки тамаддунҳоро дар Лемурия ва Атлантида несту нобуд карданд. Акнун он барои хотима додан ба тамаддуни кунунии мо меояд ва ба ин васила давраи наверо ба вуҷуд меорад.

Он дар бисёр анъанаҳо, пешгӯиҳо ва китобҳои муқаддас бо номҳои гуногун монанди Баал, Саёраи Сард, Саёраи Сурх, Вормвуд, Аҷенҷо, Герколубус, Барнард I ва ғайраҳо эътироф шудааст. Чунин саёра аллакай тавассути телескопҳо намоён хоҳад буд ва андозааш тақрибан шаш маротиба аз Муштарӣ бузургтар хоҳад буд.

Дар омаду рафти зиндагӣ ҳама чиз ба аввал ё ба охири худ бармегардад. Ҳамин тариқ, дар вохӯрии собиқи мо Герколубус ба тамаддуни Атлантика хотима дод. Ин фактҳо ба таври бояду шояд ба воситаи тамоми «Тӯфони Нуҳ»-и динҳо ва маданиятҳои гуногун нақл карда шудаанд.

Дар бораи чунин ҳодисаи кайҳонӣ бисёр одамон сӯҳбат кардаанд. Яке аз онҳо В.М. Раболу буд, ки бо истифода аз факултаҳои шуури бедоршуда ки ба ӯ имкон дод дар бораи он ҷисми осмонӣ таҳқиқ кунад, наздикшавии он саёраро мушоҳида намуд. Дар асари худ бо номи «Герколубус ё Саёраи Сурх», ки аз ҷониби Ассотсиатсияи Alcyone ба таври ройгон ба тамоми ҷаҳон фиристода мешавад, чунин менависад:

«Вақте, ки Герколубус ба замин наздиктару бо Офтоб ҳамрадиф мешавад эпидемияҳои маргбор ба тамоми саёра паҳн шуданро шурӯъ мекунанд. На табибон ва на илм хоҳанд донист, ки онҳо чигуна бемориянд ва чигуна бояд муолиҷа кард. Онҳо дар баробари эпидемияҳо нотавон хоҳанд монд.»

«Лаҳзаи фоҷиа ва торикӣ фаро хоҳад расид: ларзишҳо, заминҷунбиҳо ва мавҷҳои ҷаззу мадд. Инсонҳо, ба хотири қодир набудан ба хурдану хобидан, рӯҳан тавозунро гум хоҳанд кард. Дар баробари хатар худро гурӯҳ гурӯҳ девонавор аз теппаҳо ҳавола хоҳанд кард.»

В.М. Раболу

В.М. Раболу, муҳаққиқи бузурги Колумбия дар эзотеризм, садояшро баланд кард, то башариятро аз ин таҳдид огоҳ кунад. Вай қайд мекунад, ки дар ҳақиқат он метавонад тамаддун ва маданияти моро ба охир расонад. Дар китоби худ ӯ усули бартараф кардани нуқсонҳои психологиямон ва усулҳои проексияи астралиро ҳамчун ягона формулаҳои мавҷуда барои раҳоӣ аз фалокати дарпешистода таълим медиҳад.

В.М Раболу асари худро бо чунин суханҳо хулоса мекунад:

«Хонандаи азиз: Ман хеле возеҳ гуфта истодаам, то шумо фаҳмед, ки ба таври ҷиддӣ ба кор шурӯъ кардан лозим аст. Касе кор мекунад, аз хавф халос мешавад. Шумо набояд назарияҳо эҷод кунед ё муҳокима кунед, балки таълимоти ҳақиқие, ки ман дар ин китоб медиҳамро таҷриб кунед. Мо ба ягон чизи дигар муроҷиат карда наметавонем.»

АССОТСИАТСИЯИ ALCYONE

Ташкилоти ғайритиҷоратӣ ҳамчун агент-ҳамкор дар нашр ва паҳн кардани асари «Герколубус ё Саёраи Сурх» таъин шудааст.

Муаллиф: Joaquín Amórtegui Valbuena (В.М. Раболу)
Нашркунанда: Ángel Prats

Ассотсиатсияи Alcyone дар Феҳристи миллии ассотсиатсияҳо дар Вазорати корҳои дохилӣ, гурӯҳи 1, бахши 1, бо рақами миллии 588698 ба қайд гирифта шудааст ва қароргоҳи он дар шаҳри Бургос, PO Box 4, 09080 Бургос (Испания) ҷойгир аст.

ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ

V.M. Rabolú
В.М. Раболу (1926 – 2000)

В.М. Раболу (1926 – 2000) дар Толима (Колумбия) таваллуд шудааст. Дар соли 1952 вай Дониши ҳақиқиро пайдо кард ва дар тӯли солҳои тӯлонии таҷрибаи эзотерикӣ ӯ факултаҳои ғайриоддиро инкишоф дод, ки дар ниҳоят ӯро ба як роҳнамои рӯҳонӣ, ки дар тамоми ҷаҳон машҳур аст, табдил доданд.

Бо огоҳӣ аз ояндае, ки дар интизори мост, ӯ дониши худро ба башарият бахшид то ба онҳо формулаҳоро барои барқароркунии маънавиёти худ омӯзонад. Бинобар ин, аз солҳои 70-ум бо фурӯтанӣ ва беғаразона ба таълим додани ҳикмати ҳақиқӣ тавассути лексияҳо, курсҳо ва конгрессҳо дар сатҳи байналмилалӣ оғоз кард.

Соли 1998 «Герколубус ё Саёраи Сурх»-ро навишт. Дар асоси таҷрибаи бевосита ва бошууронаи худ В.М. Раболу воқеаҳои даҳшатангезеро, ки дар муддати кутоҳ дар саёраи мо руй хоҳанд дод, тавсиф намуда, роҳеро, ки инсон барои ба даст овардани дигаргунии амиқ пеш гирифта метавонад, шарҳ медиҳад. Имрӯзҳо изҳороти дар асари ӯ мавҷудбуда аз ҷониби шумораи зиёди хонандагон, ки аз таълимоти ӯ дар зиёда аз 80 кишвари ҷаҳон баҳра бурдаанд, эътироф карда мешаванд.

«Ман тарсонданӣ нестам; Ман як инсонам, ки аз он чи меояд ва чӣ мешавад шуморо огоҳ карда истодаам.»

В.М. Раболу

В.М. Раболу яке аз он одамони камёфт бо Шуури Бедор буд. Таълимоти ӯ дар ин замонҳо, ки моддигароӣ ва камарзишӣ ба аломатҳои хоси ҷомеаи беш аз пеш гумшуда табдил ёфтааст, хеле муҳим аст.

МАНТРАҲО

Дар ин бахш шумо метавонед ба худи В.М. Раболу гӯш кунед ки чӣ гуна мантраҳоро барои проексияи астралӣ талаффуз мекунад, то шумо талаффузи дурустро донед.

ФА РА ОН

ЛА РА С

ҲАМКОРӢ БО АССОТСИАТСИЯИ ALCYONE

Ассотсиатсияи Alcyone як созмони қонунист. Ҳамчун ташкилоти ғайритиҷоратӣ, тамоми фаъолиятҳои он бе ягон намуди фоидаи молиявӣ ба таври хайриявӣ анҷом дода мешаванд.

Ассотсиатсияи Alcyone ҳамчун агент-ҳамкор барои ҷаноби Ангел Пратс, ношири китоби «Герколубус ё Саёраи Сурх» амал мекунад; бинобар ин ягона мақсади он нашр ва паҳн кардани он китоб аст. Аз ин рӯ, фаъолияти асосии Ассотсиатсияи Alcyone аз фиристодани нусхаҳои ройгони китоб ба дилхоҳ макони ҷаҳон бо мақсади паҳн кардани он асар ва паёми универсалии он ба ҳар як шахси шавқдошта бидуни тафовут иборат аст.

То кунун маъракаи паҳнкунӣ ба садҳо ҳазор хонандагон имкон додааст, ки нусхаи ройгони китоби «Герколубус ё Саёраи Сурх» -ро дастрас кунанд. Дар айни замон шумораи дархостҳо рӯз то рӯз меафзояд. Ба туфайли ин муваффақиятҳои калон мо дар назди худ мақсад гузоштем, ки ин маъракаи паҳнкуниро давом диҳем.

Аз сабаби шумораи зиёди фармоишҳо, мо ҳоло китобро вобаста ба мавҷудият дар шакли чопӣ ё электронӣ мефиристем.

Лутфан ба мо дар паҳн кардани ин кор тавассути зеркашии видеои зерин ва фиристодани он тавассути почтаи электронӣ ба дӯстон ва наздикон кӯмак кунед.

Агар мехоҳед ба Ассотсиатсияи мо муроҷиат кунед ё мехоҳед бо ношири китоб оиди паҳн кардани китоб ва паёми В.М. Раболу ҳамкорӣ кунед ва ё мехоҳед бо мо иртибот ва ҳамкориҳои қавитар дошта бошед, метавонед ба яке аз суроғаҳои зерин бинависед:

Бо почтаи электронӣ ба: [email protected]

Бо почтаи оддӣ ба:
Alcyone Association
P.O. Box 4, 09080 Burgos (Испания)

КИТОБИ РОЙГОНИ ХУДРО ДАРХОСТ КУНЕД

Ба якчанд забон тарҷума шудааст.
Онро тавассути навиштан ба суроғаи зерин дархост кунед: [email protected]
ё шакли зеринро истифода баред:

Шакли фармоиш

Маълумоте, ки бо ситорача (*) ишора шудааст, барои идоракунии дархости шумо муҳиманд. Ин маълумот танҳо ва танҳо барои қонеъ кардани фармоиши китоб ҷамъоварӣ ва истифода мешавад.

Барои гирифтани китоб, бояд суроғаи почтаи электронии дурустро ворид кунед.

Барои коркарди фармоиши худ, хонед ва ин қуттичаро баррасӣ кунед.

Бо пахш кардани тугмаи ИРСОЛ, шумо ба коркарди маълумот тибқи шартҳо ва бо мақсадҳои дар Сиёсати Корбурди Маълумоти Шахсӣ пешбинишуда розӣ мешавед.